миёна

миёна
[ميانه]
1. байн, мобайн, миён; дар миёнаи чизе мондан дар байни ду чиз (қувва ва ғ.) воқеъ шудан; аз ду ё ҳар тараф фаро гирифта шудан
2. маҷ. алоқа, робита; миёна(-и ду кас) вайрон шудан қатъ ё халадор шудани алоқа дар байни ду шахс, бад шудани робита
3. воқеъ дар байни ду нуқта ё хат, дар дурии (тахминан) баробар аз канорҳо ҷойдошта: дар миёнаи роҳ; мобайнӣ, дар васат воқеъшуда (аз рӯи калонию хурдӣ, синну сол ва ғ.): ангушти миёна, зани миёна, писари миёна
4. замони аз аввалу охири воҳиди вақт ё ҷараёни коре мусовӣ воқеъгардида: дар миёнаи зимистон, дар миёнаи моҳи август, дар миёнаи таҳсил; дар миёнаҳои… дар ҳудуди…; тахминан
5. дар ҳадди эътидол (на дарозу на кӯтоҳ, на гарму на сард, на хубу на бад…): қади аз миёна баландтар; баҳои миёна баҳои «3», ки дар санҷиши панҷхолии дониши талабагон баҳои қаноатбахш ҳисобида мешавад; мактаби миёна таълимгоҳ дар сохтори маориф, ки саводу маълумоти умумии аз ибтидоӣ боло ва аз олӣ поин медиҳад; хати миёна хати на хубу на бад; ҳисоби миёна ҳисобе, ки на ҳадди аксар ва на ақал, балки ҳадди васат ба эътибор гирифта шудааст; аз миёнаи… аз байни…; аз даруни…, аз ҷумлаи…; дар миёнаи… а) дар байни…, мобайни…; дар миёнаи мардум; б) дар даруни…: дар миёнаи ин ҳама дуду ғубор, дар миёнаи лою хоку чанг
◊ асрҳои миёна фосилаи байни асрҳои V-XVII дар таърихи олам, ки ба давраи феодализм рост меояд; аз миёна а) аз он вақт; аз миён; дар фосилаи вақт; б) дар ниҳоят; дар натиҷа; дар миёна дар натиҷа; дар ин миёна ниг. миён (дар ин (он) миён); миёнаи кореро буридан давоми кореро қатъ кардан; ба қатъи коре сабаб шудан; аз миёна рафтан ниг. миён (аз миён рафтан); ба миёна даромадан а) ба муомилаю ҷанҷоли ду шахс ҳамроҳ шудан, мудохила кардан (одатан бо мақсади маслиҳату машварат); б) восита шудан, миёнҷӣ шудан; дар миёна будан мавҷуд будан, вуҷуд доштан; муқоб. дар миён набудан

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем написать реферат

Полезное



Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»